- Ҳадаф аз гузаронидани ин озмун аз нав эҳё намудани ҳунари кадбонугӣ аст ва мо тавонистем то ҷое муваффақ ҳам шавем. Зеро тарзи тайёр кардани таомҳои миллӣ бевосита дар назди тамошобинон сурат гирифт. Бо дили пур гуфта метавонем, ки ҳанӯз ҳам бонувони муосири тоҷик ҳунари қадимаи таомпазии миллиро фаромӯш накардаанд ва ҳоло ҳам хӯрокҳои лазиз ородиҳандаи дастархони ҳар як хонаводаи тоҷик аст, - мегӯяд Мунира Шамсиева, сардори шуъбаи ташкили Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ.
Дар ин озмун шоҳҷоиза насиби кадбону Қутбия Наимова аз шаҳри Турсунзода гардид. Ҷои аввалро бонувони вилоятҳои ҷумҳурӣ соҳиб шуданд. Ҷои дуюм насиби кадбонуҳои ноҳияҳои Варзоб, Ҳисор ва шаҳриРоғун ва ҷои сеюм насиби бонувони ноҳияҳои Рашту Рӯдакӣ ва Файзобод гардид.
Мо тасмим гирифтем, тарзи омода кардани як намуд аз ин таомҳои миллиро ба шумо, хонандагони азиз, пешниҳод кунем. Омоч яке аз намудҳои хӯроки қадимаи мардуми мост, ки онро асосан ҳамчун таоми парҳезӣ барои аксари бемориҳо чун ғизои сабук ва зудҳазмшаванда омода мекунанд. Ин таом дар ҳар минтақаи кишварамон ҳар хел тайёр омода мешавад. Бонувони Бадахшон мегӯянд, ки омоч бо орди боқило беҳтарин ва дӯстдоштатарин таоми мардуми кӯҳистон аст ва ҳанӯз ҳам онро истеъмол мекунанд.
Тарзи тайёр кардани омоч аз ҷониби Зебо Шонаврӯзова, сокини шаҳри Душанбе:
Пеш аз тайёр кардани омоч мо бояд дар оби ҷӯшомада якчанд дона қурутро тар кунем. Ҳатто мумкин аст, ки як рӯз пешакӣ ин амалро анҷом диҳем, зеро бояд қурут дар об хуб ҳал шавад. Сипас, дар зарфе як пиёла зиёдтар орди боқилоро мегирем ва кам-кам обро рехта якҷоя мекунем. Хамир бояд резонак ва ё кӯлула- кӯлула шавад. Баъди омода кардани он дар дег як литр обро меҷӯшонем. Дар оби ҷӯшомада намак ва хамири резонакро меандозем ва то аз нав ба ҷӯш омаданаш мекобем, чунки мумкин аст, хамир дар дег часпад. Бояд он ним соат дар оташи паст ҷӯшад.
Сипас дегро аз болои оташ гирифта, баъди каме хунуктар шуданаш қурути обшударо ба болояш мерезем. Ҳар кас мувофиқи табъ метавонад кабудӣ ҳамроҳ кунад.
Бо иштиҳои том!