- Дар Хорватия барои ҷалби маъюбон ба варзиш якчанд клубҳои варзишӣ ба истифода дода шудаанд. Маъюбон метавонанд дар ҳама риштаи варзиш фаъолият кунанд, ҳам дар оббозию фитнес ва шоҳмотбозию гурзбардорӣ. Ва ҳатто, чемпионҳо дар соҳаи варзиш дорем, - мегӯяд Жасмин Папа як нафар намоянда аз Хорватия.
Ба гуфтаи Саида Иноятова, барои он ки маъюбон худро дар ҷомеа дастнигару мӯҳтоҷ эҳсос накунанд, бояд дар бораи ташаккули иҷтимоии онҳо андеша кунем. Барои онҳо ҷойҳои кории мусоид фароҳам оварем ва ба таҳсил фаро гирем, то онҳо тавонанд дар ҷомеа мавқеи худро пайдо кунанд. Ба воситаи ташаккули иҷтимоӣ тавонем онҳоро аз вартаи дастнигарию мӯҳтоҷӣ берун кунем.
Воқеан, ин одати мардуми мо ҳаст, ки ба шахси маъюб ҳамчун як нафари мӯҳтоҷу дастнигар менигаранд. Вале аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар миёни маъюбон нафарони баобрӯи ҷамъият низ фаъолият доранд.
Бо ба фарҷом расидани дарси омӯзишӣ ба иштирокчиён сертификат дода шуд.