Бонувон дар семинарҳои зиёди омӯзишӣ иштирок карда, малакаи кор кардан бо компутер ва чандин ҳунарҳои дигарро аз худ кардаанд. Як гурӯҳ ба ҷамъ намудани ширу хушкмеваҳо аз аҳолӣ , гуруҳе бо коркарди мева, пур намудани зарфҳои шишагӣ аз афшураю мураббо ва гуруҳи дигар ба духтани қарама, ки аз ҳунарҳои қадимаи мардуми минтақаи Рашт аст, машғуланд. Духтарон бо меҳнати ҳалолу баракати хосаашон сарҷамъона нияти кушодани сехи коркарди маҳсулоти ширро ба нақша гирифтаанд. Мусиратхон, раисаи бонувон меафзояд, ки танҳо барои онҳо дар маркази ноҳия мушкилоти ҷудо намудани замин боқӣ монда буд, ки ҳали худро ёфт. Ба гуфти Мусиратхон сехи коркарди шир ҳамарӯза маҳсулоти тозаву хушсифатро пешкаши мардум, хусусан, сокинони шаҳраки Ғарм мегардонад.
Азизмоҳ Ғоибова, аъзои фаъоли ҳамин гурӯҳ, ки соле пеш дар яке аз озмунҳо ғолиб омада, тӯли 14 рӯз дар машваратҳои омӯзишии штати Авили Амрико иштирок дошт, такмилу ривоҷи ҳунарҳои халқиро вазифаи аслии духтарони тоҷик ва оилаҳои ҷавон медонад. Ӯ низ ба ҳамин андеша аст, ки агар духтарон худашон завқи меҳнат кардан дошта бошанд, ҳеҷ вақт дар муҳити хонаводагӣ бекор намемонанд. «Чаро дигарон мисли мо сарҷамъ шуда ба хулосае наоянду ҷоеро ақалан барои ба кор фаро гирифтани 10-12 нафар зани хонашин обод накунанд», меафзояд ҳамсуҳбати мо.
Аз гуфтаҳо ва кӯшишҳои бонувони раштӣ хулоса кардан мумкин аст, ки занону духтарони тоҷик ба маҷрои ҷомеаи навин ва пайдо кардани ҷои кор барои худу наздиконашон қадамҳои устувор мегузоранд.