Имрӯз, баъд аз зуҳр, бо иштироки васеи кормандони ҶҲАТ маросими супоридани ҷоизахо ба ғолибони озмун доир гашт. Қайд гардид, ки давоми як моҳ ҳам дар матбуот ва ҳам дар садову симои ҷумҳурӣ оид ба фаъолияти пурсамари Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон маводи зиёд пешниҳод шуд. Муаллифон нақши муассири кормандони ҷамъиятиро дар омӯзиши барномаҳои ройгонӣ оид ба забоназхудкунии аҳолии ниёзманд ва такмили касбу ҳунар, паҳн кардани ғояҳои башардӯстона, инчунин кам кардани сатҳи камбизоатӣ, ки яке аз барномаҳои дурнамои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, хуб нишон дода тавонистанд.
Ноиби Котиби Генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Дилором Мирова ҳамкории ВАО- ро хуб арзёбӣ намуда, иштироки фаъолона доштанд, миннатдории кормандону ихтиёриёни ҷамъиятро расонд. Баъдан ӯ ғолибони озмунро қадрдонӣ намуд. Ҳайати ҳакамон сомонаи маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”-ро бо пешниҳоди мақолаи “Дунё бо умед” ғолиби ҷои аввал дониста бо мукофоти хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.