Директори маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» Ёқубҷон Исмоилов ва сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Муҳаммад Ғоиб низ ташаббуси сармуҳаррири «Халқ овози» Ёқубҷон Абдуманноновро қобили қабул дониста нд. Аз ҷумла, шоир Муҳаммад Ғоиб таъкид дошт, ки ҳамингуна як осорхонаро рӯзномаи «Ҷумҳурият » низ дар идора боз хоҳад намуд. Меҳмонон ҳини тамошои осорхона ба гӯшаҳои «Ифтихори мо-собиқ сармуҳаррири рӯзнома, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров», «Сармуҳаррирони мо», «Собиқадорони рӯзнома» ва амсоли инҳо бештар мароқ зоҳир намуданд.
Рӯзномаи «Халқ овози» чун яке аз нашрияҳои давлатӣ аз соли 1921 бо номи «Қизил Тожикистони» нашр шуда, то кунун ду дафъа табдили ном намудааст.