Тавре иттилоъ дода шуд, ҳадаф аз баргузории озмун инъикоси ҳамаҷонибаи аҳамияти оламшумули таърихии Ғалаба дар ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, саҳми фарзандони барӯманди Тоҷикистон дар таъмини Ғалаба, шуҷоату диловарӣ ва хизматҳои шоёни онҳо дар майдони муҳорибаҳою ақибгоҳ, тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, дарки баланди худшиносии миллист, ки аз талаботи Барномаи омодагӣ ва таҷлили ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бармеоянд.
Дар озмун тамоми нашрияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳуқуқи иштирок кардан доранд. Мақолаҳое, ки дар мавзӯъҳои марбути омодагӣ ва таҷлили ҷашни Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 дар рӯзномаю маҷаллаҳо ба табъ расидаанд, бояд аз лиҳози мазмуну мундариҷа ва ғоя ҷолиб ва дар онҳо мисолҳои ҳаётӣ аз рӯзгори иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ тасвир шуда бошанд. Бояд мақолаҳ дар жанрҳои гуногуни публисистию бадеӣ эҷод шуда бошанд.
Барои нашрияҳои ғолиби озмун мукофот 1000 то 2000 сомонӣ, дипломҳо ва ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
Ҷамъбасти қабули маводи чопии ба озмун пешниҳодгардида то 1-уми майи соли 2015.