Ҳамон рӯз гуфтугӯи телефонии Сарвари давлат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳия сурат гирифт, ки дар ҷараёни ин суҳбат роҳбари мамлакат ба раис супоришҳои махсус дода , аз ҷумла таъкид намуд, ки кӯмакҳои ҷудонамуда, аз қабили 10 ҳазор сомонӣ, ба оилаҳои қурбоншудагон фавран расонда шавад. Рӯзи дигар ба маҳалли офат сарбозону аскарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва аз тамоми деҳоти ноҳия, ҷавонони ҳамсоядеҳаҳои шаҳри Ваҳдат омада, ба кофтукови зери хокмондаҳо шуруъ карданд. Ба номи раиси ноҳия аз номи вазорату кумитаҳои ҷумҳурӣ, сохторҳои қудратӣ, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва аз номи раисони вилоят, шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ барқияҳои тасаллият ворид шуда, ҳамзамон аз баъзе шаҳру навоҳии мамлакат ва мардуми саховатпеша барои осебдидагон ва онҳое, ки ин ҷо кор карда истодаанд кумакҳои хайрия омада истодааст.
Субҳи 08.04.2015 наҷотдиҳандаҳо ҷасади боз як нафар қурбоншударо бо исми Мақсудҷон, ки ҳамагӣ 19 сол дошт, аз зери хокпораҳо пайдо карданд. Сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мардуми ба кӯмакомада кофтукови фавтидагонро давом дода истодаанд.