Њамчунин, дар арафаи таҷлили ҷашни 70 - солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ Фестивали минтақавии театрҳои халқӣ ва ҳаваскорони санъат “Родмардони Ватан” ва Фестивали мусиқии “Даргилик”, Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон”, дар моҳи октябр бошад, бахшида ба Соли оила баргузории Фестивали ҷумҳуриявии дастаҳои оилавї ба нақша гирифта шудаанд.
Вобаста ба баргузории Фестивали мусиқии “Даргилик” тазаккур дода мешавад, ки он сурудҳои мардумии хеле маъмули бадахшї буда, мавзӯи асосии даргиликҳо фироқу ҷудоӣ мебошад. Гуфта мешавад, ки гӯянда ё сарояндагони асосии даргилик занону духтаронеанд, ки одатан бидуни сози мусиқӣ онро месароянд.