Миёни номзадҳо олим Гулбаҳор Турсунова , омӯзгор Мадина Набиҷонова, ҳуқуқшинос Мавлуда Қаландарзода, раиси ҷамоат Маҳбуба Усмонова, нозири маориф Маҳбуба Абдусаминова, ҳунарманд Дилбар Сулаймонова, муовини раиси шаҳр Мавзуна Шарофиддинова, корманди ҳизбӣ Ҳамида Холова ҳастанд.
Аз ҷумлаи 182 нафар шаҳрвандоне, ки то ба 9-уми феврал номзадии худро ба вакилии маҷлисҳои маҳаллии вилоятӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ сабти ном кардаанд, 62 нафарашонро бонувон ташкил медиҳанд.
Интихоботи вакилон ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳалии ноҳиявию (шаҳриву) вилоятӣ рӯзи 1-уми марти соли равон баргузор хоҳад гардид.