Чанд рӯз қабл чунин як вохӯрии судманд рӯзи гузашта бо иштироки адибон ва мутахассисони соҳаи фарҳангу маориф дар мавзӯи «Тарбияи фарзанд масъулияти бузург аст», ки ба 5-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бахшида шуда буд, гузашт. Дар вохӯрӣ доираи васеи кормандону хонандагони китобхона иштирок намуданд, ки ҳадаф бори дишар шиносоии бачаҳо бо лоиҳаи қонун ва талаботи он буд.
Суханронӣ ва қироати шеърҳои баландмавзуъ дар баромади Нуралӣ Мирзоев, мутахассиси пешбари Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанг, Ноҳид Фозилова, сармутахассиси шуъбаи илми вазорат, адибон Муродалӣ Собир, ва Шаҳрия Аҳтамзоду Дилафрӯз Қурбонӣ, шавқу рағбати бачаҳоро ба китобу китобхона боз ҳам зиёд намуд. Қурбон Афғонов, директори китобхонаи мазкур афзуд, ки ҳамин гуна вохӯриҳо бо иштироки олимону нависандагон дар муассисаи онҳо зуд-зуд доир мегарданд.