Дар рафти суханронӣ мавсуф аз зиёдшавии шумори талоқ дар кишвар изҳори нигаронӣ намуда, қайд кард, ки шумори талоқ дар ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфтааст. Дар соли 2014 - 9,132 ҳолати ҷудошавии оилаҳо ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 - 938 ҳолат зиёд аст.
Ҳамчунин, дар нишаст зикр гардид, ки дар даврони ҳисоботӣ муроҷиати мардон низ ба масъулин зиёд гардидааст. Соли 2014 1600 мард бо шикояти аз ҷониби ҳамсарон мавриди хушунат қарор гирифтанашон муроҷиат кардаанд. Дар маҷмӯъ, бо шикояти хаттиву шифоҳӣ 8 ҳазору 600 нафар муроҷиат кардаанд.
М. Хидирова оид ба масъалаи ташхиси пеш аз издивоҷ, ки ҳоло гурӯҳи вижае масъалаҳои вобаста ба онро омӯхта омодаанд рӯзҳои наздик хулосаашонро ба Ҳукумат пешниҳод кунанд, ҳарф зада, тадбиқшавии ин иқдомро як роҳи ҳалли азҳампошии оилаҳои ҷавон донист.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳури Тоҷикистон, дар Паёми имсолаи худ ба Парлумон ташхиси пеш аз издивоҷро муҳим дониста, аз масъулон хост, то дар ин бора ва ҳамчунин, мавзӯи никоҳи хешутаборӣ лоиҳаи қонунро пешниҳод кунанд.
Гулноз