Дар ҷадвали гурӯҳи «С» дастаи Африқоӣ Ҷанубӣ бо 4-имтиёз пеш аст. Тими ҷавонони Тоҷикистон бо 3-имтиёз дар зинаи дуюм ва Қазоқистон дар мақоми сеюм ҷой гирифтанд. Дидори навбатии футболбозони тоҷик бо дастаи ҷавонони Литва 20-уми январ сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки Дастаи мунтахаби ҷавонони то 21-солаи Тоҷикистон, таҳти роҳбарии сармураббӣ Алишер Тухтаев, ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Иттиҳод-2015», ки аз санаи 16-уми январ то санаи 25-уми январ баргузор мегардад, ба Санкт-Петербурги Русия сафар карда буданд.
Ҳайати намояндагии дастаи кишвар аз 25 нафар иборат аст, ки аз онҳо 19 нафарашонро бозингарон ташкил медиҳанд.