Торнамои расмии ЛДПР навиштааст, ки Жириновский дар ин дидор гуфтааст, мушкили аслие, ки кишвараш ба он рӯбару мешавад, ҳузури зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.
«Муҳоҷирони ғайриқонунӣ хеле зиёданд, корфармоҳое, ки шароити дуруст фароҳам намекунанд, низ зиёданд. Муҳоҷирон дар таҳхона ва кӯчаҳо зиндагӣ ва шабу рӯз бидуни истироҳат кор мекунанд. Оддитарин ҳолати санитарӣ риоя намешавад. Ҳақмузди онҳо пурра пардохт нашуда, баъзан умуман маблағе намедиҳанд. Ва маълум аст, ки ин ҳама ба шумо бетаъсир нахоҳад буд. 22 сол мешавад, ки мо дар кишварҳои алоҳида зиндагӣ мекунем, дар бисёре аз шаҳрҳои Россия мардум намефаҳманд, ки ин қадар одаме, ки забон, фарҳанг ва динашон фарқ мекунад, кай омадаанд», -гуфтааст ӯ.
Раҳбари ЛДПР мушкили асосии муҳоҷиронро надонистани забони русӣ унвон карда, қайд кардааст: «Дар Осиёи Миёна забони русиро дӯст медоштанд ва бо он хеле хуб ҳарф мезаданд. Агар шумо мехоҳед ба Русия барои кор биёед, пас бояд забони русиро хеле хуб балад бошед. Ин корро осон мешавад анҷом дод: мо муаллимони зиёд ва китобҳои хуби омузишӣ дорем. Гузашта аз ин, ҳамсояҳои наздикем».
Владимир Волфович диққати муҳоҷиронро ба самтҳои дигари фаъолият ҷалб кардааст: «Шуғлҳои дигаре, ба ғайр аз ронандагиву фурӯшандагӣ ва фаъолият дар сохтмонҳо, аз қабили анҷом додани корҳои хона хастанд, ки метавонанд мухоҷоринро дар назди сокикнони бумӣ чун мутахассисони хубе нишон диханд. Имрӯз бо сабаби дур будан аз ҳамдигар ва огоҳ набудан аз маданияту урфу одатҳои хамдигариву таъсири иттилои беруна, аксаран русҳо дар хусуси муҳоҷирон ақидаҳои манфие доранд. Бекорон дар кишвари мо низ ҳастанд, аммо агар тақсимот ва интихоб одилона бошад, кор ба ҳама мерасад», - ин суханони раиси ҳизби либерал-демократии Русияанд, ки дар ин сӯҳбат садо додаанд.
Бояд қайд кард, ки пештар низ раиси ЛДПР чунин мулоқотҳоро бо муҳоҷирони кории тоҷик анҷом дода буд.