Дар ин бора Бунёди байналмилалии ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон “Ҳафт пайкар” иттиллоъ дода, қайд намуд, ки ҳадафи баргузории чорабинии мазкур рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумист. Ин 8-умин фестивали байналмилалии ҳунарҳои мардумист, ки намоиши осори косибон ва либосҳои миллӣ ва мӯди муосирро дар сатҳи байналмилалӣ доир менамояд. Дар чорабинии мазкур ҳунармандону косибон ва тарроҳон аз кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Афғонистон, Эрон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ширкат намуда, маҳсули ҳунарашонро ба маърази тамошо гузоштанд.
Раҳима Аъзам