Бо ёдоварӣ аз ҳамсолии шаҳри Душанбе ва Тоҷикистони замони Шӯравӣ изҳори шукру сипос карда шуд, ки дар он замон деҳаи Душанбе ба ҳайси пойтахт интихоб шуда, дар муддати кӯтоҳ ба як шаҳри зебо ва маркази маъмурию фарҳангии Ватани азизи мо табдил ёфт.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба санъату фарҳанги шаҳрсозию пойтахтдорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар таҳия ва сохтмони кӯчаю хиёбонҳо ва биноҳои нав аз навтарин дастовардҳои меъморию бинокории ҷаҳони муосир истифода бояд кард, то ки шаҳри Душанбе боз ҳам ободу зебо шуда, ба ҳайси пойтахти давлати Тоҷикистон садсолаҳои дигар ба наслҳои оянда хизмат кунад.
Тантанаҳои идона бахшида ба 90-солагии шаҳри Душанбе бо намоиши барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ идома ёфт.
Санаи 19-уми октябр дар Наврӯзгоҳи пойтахт корнавали идона баргузор гардид, ки дар он Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти олии ҳокимияти давлатии қонунбарор ва иҷроияи Тоҷикистон, сокинон ва меҳмонон аз дохилу хориҷи кишвар иштирок намуданд.