Ташаббускорони ин маҷалла Маркази тиббии «Шифо» ва Маркази тиббии «Насл» унвон мешаванд. Маҷаллаи «Тоҷ-мед» хусусияти тиҷоратӣ дошта, Марказҳои тиббии хусусиву давлатӣ метавонанд бе мамониат эълону тарғиби хизматрасониҳои тиббиашонро дар он нашр намоянд.
– Ба нақша гирифтаем, ки маҷалла дар се моҳ як маротиба бо теъдоди 4000 нусха аз чоп барояд. Маҳдудияти саҳифа барои мо вуҷуд надорад, метавонем маҷалларо аз 150 саҳифа то 200 ва ҳатто зиёдтар дарҷ намоем, - мегӯяд Ш.Қурбонов.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки «Тоҷ-мед», бо сифати баланд, хориҷ аз кишвар нашр мешавад.