Тоқии дӯзандагони шуғнонӣ ва вахонӣ ба ҳар сар зебанда ва ҷуробҳои пашмини бофтаашон ҳавасаи ҳар харидорро меоварад. Бонувони ҳунарманди ноҳияи Ишкошим бошанд дар сабадбофӣ устои моҳиранд. Ороишоти арӯсии аз сангҳои ороишӣ тайёрнамудаи бонувони мӯҳрабофи шуғнонӣ торафт бештар мӯд мегардад. Ҳунармандони ноҳияҳои Мурғобу Роштқалъа дар истеҳсоли маҳсулоти чармин ва пашмин шӯҳрати бештар доранд.
Ба иттилои Кумитаи занон ва кор бо оилаи ВМКБ имрӯз дар вилоят бештар аз ду ҳазор бонувони ҳунарманд фаъолият доранд, ки на танҳо тарғибгари фарҳанги қадимаи мардуманд, балки аз ҳисоби ҳунармандӣ буҷети оилавиашонро ғанӣ мегардонанд. Ҳукумати кишвар ба манзури мусоидати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ба равнақ бахшидани ҳунармандӣ дар минтақа диққати ҷиддӣ дода, баҳри ҳавасмандгардонӣ ва рушди ҳунармандӣ дар тӯли ҳафт соли охир анқариб ба 40 нафар соҳикорзанон гранти президентӣ додааст. Соли равон боша 9 нафар бонувони ҳунарманд ба дарёфти гранти президентӣ мушарраф гардиданд.