Дар феҳрасти обунаи соли 2015 номгӯи беш аз сад рӯзномаву маҷаллаҳои даврии Точикистон ва садҳо адад нашрияҳои берун аз ҷумҳурӣ, ки муштариёни доимии худро доранд, гирд оварда шудааст. Корхонаҳои фаръии КВД «Почтаи тоҷик» пайваста дар хизмати обуначиён қарор дошта, хизматрасониро барои мизоҷон аз ҳарвақта дида беҳтар намудаанд. Зоиршоҳ Мирзоев, муовини сардори Почтаи Хатлон бо хушҳолӣ изҳор намуд, ки дар қаламрави вилоят ин маъракаро хеле ҷиддӣ ва муҳим дониста, сокинони фарҳангдӯсти шаҳру навоҳӣ аллакай ба аксари нашрияҳои даврии ҷумҳурӣ ва хориҷ номнавис шудаанд. Рӯз аз рӯз ба марказҳои алоқаи вилоят шахсони алоҳида ва ташкилоту муассисаҳо зиёдтар муроҷиат мекунанд. Аз ҷумла, маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» то имрӯз 302 нафар обуначӣ барои соли 2015 пайдо намуд-гуфт мусоҳиби мо ва илова намуд, ки теъдоди обуна ба маҷаллаи бонувони кишвар дар ҳудуди вилоят имсол низ ба шаш ҳазор нусха наздик хоҳад расид.