Муаллифи таҳқиқот марбут ба таомҳои милии Бадахшон фарҳангшинос Қиматшо Парпишоев фестивалро барои тарғиби ҳаёти солим муфид арзёбӣ намуда изҳор дошт, ки сабаби бисёр бемориҳо, аз ҷумла, фарбеҳшавӣ, ки айни ҳол дар Бадахшон ҳам дида мешавад, кам шудани истеъмоли таомҳои миллӣ мебошад.
Дар фестивал муовини раиси ВМКБ Қимматгул Алибердиева, сафирони давлатҳои Ирон, Афғонистон, Қирғизистон ва котиби сафорати Руссия дар Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ намуда, ба санъату ҳунари бонувон баҳои баланд доданд.