Ҳамчунин устодону омӯзгорони аксари мактабхои шаҳри Душанбе, литсейи президентӣ ва навоҳии атроф, ки духти чеварони иттиҳодия аз солхои қаблӣ ба онҳо писанд омадааст, ба ин корхонаи саноатию дӯзандагӣ барои аҳли коллектив либоси мактабӣ фармоиш додаанд. Маводи хушсифати корхона имсол то ба шаҳрҳои Хоруғу Кӯлобу Қӯрғонтеппа ва водии Зарафшон расида, табъи мактабиёнро шод намуд. Олуфта Ҷорубкашова афзуд, ки қисме аз сару либоси мактаббачаҳо аз маҳсулоти хушсифати корхона дӯхта мешавад ва адади лобосҳои дӯхта то имрӯз ба 45 ҳазор расида, фармоиши мизоҷон то ҳанӯз давом дорад.
Иттиҳодия азм дорад, ки арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ҷашни 20 солагии Конститутсияи (Сарқонун) ҶТ низ намудҳои наву хушдухти маҳсулоти корхонаро ба мизоҷони хеш пешниҳод намояд.