Бинобар иттилои Усмон Қаландаров дар нимсолаи аввали соли 2014 бо қатораҳои Роҳи оҳани Тоҷикистон 211,4 ҳазор мусофир сафар намудааст, ки ин нишондод низ назар ба соли гузашта 14,3 ҳазор мусофир кам мебошад.
Масъулони Корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» сабаби коҳиш ёфтани хизматрасонии мусофирбариро аз руҷуи мардум ба ба хизматрасонии нақлиётӣ ҳавоӣ арзёбӣ менамоянд.
Ба суоли хабарнигорон дар мавриди нарху навои хизматрасонии мусофирбарӣ тариқи қатораҳои Роҳи оҳани Тоҷикистон масъулони ин корхона иброз доштанд, ки ба истиснои Тоҷикистон тамоми кишварҳои минтақа аз ҷумла Руссия дар солҳои охир чандин маротиба нархи чиптаро боло боло бардоштааст.
Гуфта мешавад, ки аз сабаби камбуди мусофирон ҳаракати қатори мусофирбари “Душанбе-Конибодом” ба таваққуф афтода, аз ин қатор танҳо дар фаслҳои баҳору тирамоҳ, барои интиқоли тозасарбозон ба манотиқи шимоли кишвар истифода мешавад.