Эмомалӣ Сайидамирзод, муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» бо фармони вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон барои ҳамкории судманд бо медали ҷашнии «78 –солагии Бозрасии Давлатии Автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ гардид.
Аз соли 2009 –уи инҷониб озмуни муштараки ҷумҳуриявии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва БДА роҳандозӣ мегардад. 3 –юми июн озмуни навбатӣ ҷамбаст гардид. Умари Шерхон, муовини раиси ИЖТ, Садриддин Ҳасанзода, хабарнигори шабкаи авали телевизиони Тоҷикистон барои нашри китоби оид ба риояи қоидаҳои ҳаракати роҳ, Ҳарамгули Қодир, хабарнигори "Ҷумҳурият", ва Ҷамилаи Ҳусейн, хабарнигори "Чархи Гардун" барои мақолаҳо дар матбуот ва Зинатуллои Исмоил, директори СМТ ғолибони озмун эълон гардидаанд.
Ба ғолибони озмун Умарзода Икроми Ислом, муовини Вазири корҳои дохилӣ диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.
Озмуни мазкур аз ҷониби РБДА ВКД бо ҳамкорӣ бо Итифоқи Журналистони Тоҷикистон ҳар сол доир мешавад, ки ҳадафаи он тарғиби бехатари миёни ронандагон ва шаҳрвандон мебошад.
Дар озмуни имсола аз 67 расонаву нашрияҳо беш аз 100 мавод пешниҳод гардида буд, ки ҳамагӣ 6 мавод сазовори ҷойҳои аввал ва диплом гардиданд.