Маркази миллии мубориза алайҳи бемории нашъа, ки дар назди Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ амал мекунад, дар доираи чорабиниҳои матраҳшуда аз нимаи моҳи июн инҷониб дар панҷ масҷиди ҷомеи шаҳри Душанбе бо намозгузорон вохӯрда, дар самти пешгирии ин бемории ниҳоят хавфнок бо волидайн суҳбат оростанд. Мақсад аз ин вохӯриҳо аслан фарзандонро дар амну амонӣ нигоҳ доштан аз бемори нашъамандӣ аст, хулоса намуданд андешаҳояшонро кормандони ин мараказ. Масъулин ишора ба он намуданд, ки дар доираи амалӣ гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидайни ҷавонони то сини 18 сола низ дар сурати ба ин амал даст доштани фарзандонашон ҷавобгӯ мебошанд. Аз ин хотир, бояд сари ҳар қадам аз кору кирдори фарзандон ва бо рафиқони ҳамгапу ҳамкори онҳо воқиф будан ба нафъи волидайн аст.
Имомхатибони масоҷиди чомеъ низ дар тақвияти суханони маърӯзачиҳо баён доштанд,ки оёти каломи раббонӣ ва аҳодиси Расули акрам (С) низ ин омилҳоро маҳкум мекунанд, яъне дини мубини ислом ҳамеша зидди хамагуна гуруҳҳое ,ки ба ифродгароӣ, парокандагии ҷомеа ва ба паҳншавии бемориҳои хавфноку сироятӣ миёни мардуми саёра оварда мерасонанд,мубориза мебарад.