Тавре адиба Муҳаббати Юсуф, корманди китобхонаи бачагона зикр намуд, ин амал танҳо ба хотири бедор намудани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва баланд бардоштани завқи бадеии кӯдакону наврасон роҳандозӣ шудааст. Зеро аёми таътил бачаҳо баробари истироҳати бофароғат аз мутолиаи китоб дур намонанд. Гуруҳи ташаббускор,ки ба ҳайати он адибону шоирон ва китобдорон шомиланд ,баробари ёрии амалию методӣ расонидан ба китобхонаҳо, ҳамчунин вохӯриҳои судманду хотирмонро бо мактабиён доир менамоянд. Аҳли адаб Маҷид Салим,Муродалӣ Собир, Муҳаббати Юсуф , рӯзноманигор Ҳотами Хомид ,директори китобхона Қурбон Авғонов ва сарвари ташкилоти мададрасон Қаҳрамон Бақозода дар ҳар вохӯрию маҳфилҳои адабӣ,ки дар ноҳияҳо доир гардиданд, баробари муаррифии китобҳои нави бачагона ва қироати шеър, наврасонро ба сулҳу ваҳдат,зебопарстию ватандӯстӣ даъват намуданд. Маорифчиён нисбат ба ин иқдоми хайр ба ташаббускорон, китобобхонаи давлатии бачагона ва Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» изҳои сипос намуданд.
Андешаи ҷамъбастии Қурбон Авғонов, директори китобхонаи бачагона дар ин нишастҳо як чиз буд: Дар мавсими таътил мактаббачаҳоро ба китобхона бояд бештар фаро гирифт,на он ки бачаҳо роҳи китобхонаро фаромӯш кунанд.