«Мехоҳам бинандае ки ба театр меояд, дарк кунад, андеша кунад ва андешааш бедор шавад. Зеро имрӯз дунёи андешаи тамошобин коста аст».
Зайнуддин Орифӣ, журналист, ки бинандаи намоиш буд, рӯи саҳна омадани асари Албер Камю «Иштибох»-ро рамзӣ медонад. Ӯ дар идома афзуд ин асар ним аср пеш тавлид шудааст ва чун имрӯз ҳам қимати худро гум накардааст, аз классика буданаш гувоҳӣ медиҳад. Шоистаи таҳсин буд, ки байни тамошочиён ҷавонон зиёд буданд ва аз дидани ин хел намоиш кас ба як бор сер намешавад. Онро бояд пайваста тамошо кунӣ ва рамзҳои навро ошкор намоӣ.
Дар маҷмӯъ ороиши саҳна бо чор нишонаҳои дину мазҳабҳо, мусиқӣ, интихоби либосу ҳунармандон басо ҷолиб буд.
Дар ҳамин ҳол Қамариддин Мирзоев бозингари нақши Ян дар ин намоишнома мегӯяд саъй кардааст ҳарфи тозае гуфта бошад.
Вай афзуд чун намоишнома «Иштибоҳ» ном дорад, андешаи ҳар нафарро рахна мезанад ва ба фикр карадан водор месозад. Бинанда меояд ва мебинад, ки чӣ гуна инсонҳо бо чашми бино кур мешаванд, ки намебинанду намешунаванд, чӣ гуна инсонҳо гумроҳ мешаванд. Бархурдҳо ва таззодҳоро шоҳид мешавад.
«Иштибоҳ» рӯзи 29-уми апрел низ манзури бинандагон хоҳад шуд.