Сабоҳат Раҳимзода солҳо дар вазифаҳои баланди давлатӣ кор кардааст. Ӯ дар вазифаҳои мудири шӯъбаи Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ,инструктори шӯъбаи таблиғ ва ташвиқи КМ Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, муовини Вазири маориф, муовини Раиси комиҷроияи вилояти Қурғонтеппа ва ғайра софдилона кор карда, хатмкунандаи Академияи илмҳои ҷамъиятии назди КМ Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шуравӣ мебошад. Аз соли 1993 раиси Ассосиатсияи миллии занони соҳибкор, «Кадбону»-ро ба душ дорад.
Сабоҳат- апа, чуноне худ иқрор аст, ҳамеша меҳр ба гулу рустаниҳо ва дарахтон дорад. Аз хурдӣ парвариши гул ва буттагулҳоро дӯст медошт. Ӯ вохӯрии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро бо соҳибкорони ҷумҳурӣ соли 2003 аз хотири хеш лаҳзае намебарорад. Ин вохӯрӣ таконе гардид дар фаъолияти минбаъдаи корҳои ободонии ин бонуи ғайратманд. Дар вохӯрӣ Эмомалӣ Раҳмон масъалаи бунёди боғҳои навро ба миён гузошта буд. Сабоҳат дар ин вохӯрӣ баромад намуда озодона гуфта буд, ки барои бунёди боғ ба мардум замин намерасад. Баъди вохурӣ ба ӯ аз деҳаи Ҷангалаки ноҳияи Варзоб замин ҷудо намуданд. Ӯ дар ин мавзеъ боғ бунёд кард. Аз масофаи 500 метр оби чашмаро овард. Имрӯз шаҳди боғи бунёдкардаашро чашида ҷаҳон –ҷаҳон ҳаловат мебарад.
Сабоҳат-апа чанд сол пеш шаш гектар майдони боғи аз ҳосилмондаро дар мавзеи Охчовари ноҳияи Файзобод ба саҳми худ дароварда, ният кард, ки дар ҷойи он боғи нав бунёд мекунад. Ин иқдоми неки ӯ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, хоса раис Имомназар Каримиён хуш пазируфта шуд. Сабоҳат дар маҷлиси тантанавии фаъолзанони ноҳия бахшида ба Рӯзи Модар, ки меҳмони ифтихорӣ буд, муждагонӣ дод, ки рӯзи 8 март маъракаи ниҳолшинониашро дар боғ оғоз хоҳад кард. Ва он рӯз гурӯҳи зиёди бонувони ҷамоати деҳоти Вашгирд ин ташаббуси неки апаи Сабоҳатро дастгирӣ намуда, дар паҳлӯи ӯ, дар бунёди боғи нав ҳисса гузоштанд. Ин зани хайрҳоҳу саховатманд дар оянда боғи бунёдкардаашро ба мардуми таҳҷоӣ бахшиданӣ аст.
- Ҳикмати халқ аст, ки инсон бояд дар тӯли умри худ хона созад, фарзанд тарбия кунад ва боғ бунёд намояд. Худованди бузург дар умри ширинам ба ман насиб гардонид, ки ҳам фарзандони хуб тарбия намояму ҳам боғ бунёд кунам, ҳам хона созам, изҳори шукрона мекунад Сабоҳат-апа. Боғи апаи Сабоҳат қад-қади шоҳроҳи Душанбе Хоруғ бунёд шуда истодааст ва он манзараи хуше дорад.
Солҳо мегузаранд ва кас аз ин шоҳроҳ гузашта боғи сарсабзу пурмеваи бунёдкардаи Сабоҳат Раҳимзодаро дида, дар ҳаққаш албатта дуои хайр хоҳад гуфт.