Суҳбати аҳли нишаст, ки доираи васеи аҳли ҷамоатчигии ноҳияро ташкил медод, сари як масъала, боз ҳам хубтару оммавитар чашн гирифтани ин иди мардумӣ буд. Раисони шаҳраку маҳаллаҳо андешаҳои худро бобати ба намоиш гузоштани ҳунарҳои мардумӣ пухтупаз, кашидадӯзӣ, чубтарошию оҳангарӣ ва дигар завқу ҳавасҳои аҳолӣ баён дошта,ҳамчунин атрофи доир намудани бозиҳои варзишӣ ва рақсу суруд, саҳнаҳои хурди театрӣ таклифҳо пешниҳод намуданд. Муовини раис диққати масъулини соҳа ва сарварони маҳаллаҳоро барои корҳои ободонию кабудизоркунӣ ва тоза намудани гирду атрофи маҳалли зисташон равона сохта, таъкид дошт, ки то ҷашни Наврӯз тамоми шаҳраку маҳаллахои ноҳия ороставу пироста бошанд.