Маврид ба зикр аст, ки ансамбли тарона ва рақси «Помир» соли 1940 дар заминаи ансамбли бачагонаи тарона ва рақси ҳамном бо роҳбарии Артисти халқии Тоҷикистон Ғуломҳайдар Ғуломалишоев дар Бадахшон таъсис ёфтааст. «Помир» ба ҳунари волояш на танҳо ба дили бинандаи ватанӣ ҷо гирифт, балки берун аз кишвар низ мухлисонашро пайдо намуд. Дар даҳаи адабиёт ва санъат дар Маскав иштирок намуда, аз ҷониби мутахассисон баҳои баланд гирифт. Соли гузашта ин ансамблро ҳунармандони маҳбуб ва хушовоз Соҳиба Давлатшоев ва Ҳақназар Аловатшоев дубора эҳё намуданд.