Айни вақт ин шербачаҳо дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд бо сари баланду нерӯи ҷавониашон хизмати Модар-Ватанро баҷо меоранд. Бино ба гуфти раиса ду нафари онҳо,ки ҳаваси низомӣ шудан доранд,дар шаҳри Хуҷанд, дар гурӯҳи зудамали махсус,ки тобеи горди милии Тоҷикистон аст, хизмат мекунанд.Ромизҷон Сангов якҷоя бо ҳамяроқи худ мақсад доранд,ки оянда ба Академияи ҳарбӣ дохил шуда таҳсилро давом диҳанд ва бо рутбаҳои афсарӣ дар ҳимояи Тоҷикистони азизашон бошанд.
Тоҷинисо Шарифова афзуд,ки хабар гирифтан аз қисмҳои низомӣ манфиати хеле хуб дорад. Аз як ҷониб, робитаи мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатиро бо аҳолӣ пурзӯр намояд,аз ҷониби дигар ҳамкорӣ миёни ҷавонону волидайни онҳо ва қисмҳои ҳарбӣ вусъат мегирад ва дар оянда сафи ҷавонони даъватӣ аз ҳисоби ихтиёриён зиёд хоҳад шуд.