Нахуст бояд зикр намуд,ки озмуни мазкур тайи даврони истиқлолият бори нахуст дар Тоҷикистон доир мегардад ва он дар ҳақиқат ба ҷалби бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ мусоидат намуд. Озмунро Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳои дахлдор,бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон доир намуд. Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»,ки иҷрокунандаи озмуни мазкур буд, ҳанӯз моҳи сентябр бо мақсади фаҳмондадиҳӣ мизи мудаввар доир намуда, оид ба моҳият ва нақши бренд дар рушди тиҷорат ва мол ба ҳозирин-иштирокчиёни ҷаласа маслиҳати судманд дод. Сарварони корхонаҳои давлатию хусусӣ ,ки бо мизоҷон фаъолияти худро пеш мебаранд дарк намуданд,ки бренд ҳамчун таҷассумгари симои корхона ва истеҳсолкунандаи маҳсулот дар пешрафти кору фаъолияти корхона нақши муҳим дорад. Ин буд,ки наздики 50 ширкат дар озмун иштирок намуда баҳои воқеии ҳакамонро сазовор шуданд. Вазири иқтисод ва рушди савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода маросими ҷоизасупориро ифтитоҳ намуда бори дигар аз нақш ва моҳияти бренд ёдовар шуда аз ҷумла қайд намуд, ки бренд барои нишон додани симои воқеии корхона мавқеи хоса дорад ва фаъолияти минбаъдаи онро боз ҳам васеъ хоҳад кард. Шарикони озмун Созмони умумиҷахонии моликияти зеҳнӣ,Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ,Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Дафтари байналмилалии Шветсария дар Тоҷикистон ба ҳисоб мерафтанд,ки дар рафти маросими ин маърака сухан гуфта, ҳамчунин чанде аз ҷоизаҳоро худи онҳо ба ғолибон тақдим намуданд. Дар маҷмуъ аз 44 нафар ғолибони озмуни «Қуллаи шараф» 12 нафар диплом, боқимонда ҷоизахои биринҷӣ ва нуқраву тиллоро соҳиб шуданд. Ҷоизаи асосиро барои ноил шудан дар моликияти зеҳнӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов ба намояндаи ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» тақдим намуд. Хушбахтона, миёни онҳое, ки соҳиби ҷоиза шуданд,наздики 15 нафар бонувон аз бахшҳои хусусӣ буданд ва миёни онҳо соҳибкори инфиродӣ Мавҷуда Шамсиева бо гирифтани ҷоизаи биринҷӣ мавқеи хос дошт.
Тавре Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, дар оғоз ва фарҷом зикр намуд, озмуни мазкур минбаъд ҳамасола доир мегардад ва он ба рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон такони бузург хоҳад бахшид.