Мақсад аз баргузор шудани форум табодули таҷриба ва дастгирию расонидани кумак ба занони соҳибкор буд.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ ва Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори „Кадбону“ баргузоркунандагони чорабинии мазкур буданд.
Руқия Қурбонова, муовини сарвазири ҷумҳурӣ, Сумангул Тағоева, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндаи Бонки умумиҷаҳонӣ, ЮНИСЕФ ва занони соҳибкор дар ин форум иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар форуми мазкур 16 зани соҳибкор, аз ҷумла Мукаррама Қаюмова, раиси фонди байналмилалии „Ҳафт пайкар“, Хайринисо Ҳамроева, раиси Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҳисор, Садафмоҳ Абдуллоева, директори генералии „Фондарё“, Ҳидоят Аслонова, директори генералии „Ромсар“ бо ифтихорнома „Барои муваффақият дар тиҷорат ва саҳми босазо дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон“ қадр шуданд.
Зикр гардид, ки танҳо дар 5 соли охир аз ташкилотҳои хориҷӣ 2,5 миллиард сомонӣ маблағҳои қарзӣ ҷудо шудааст, ки кумаки хубе дар рушди соҳибкории занон аст.
Ба гуфти муовини сарвазир Руқия Қурбонова стратегияи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа барои солҳои 2011–2020, ба роҳ мондани Квотаи президентӣ барои ҷалби духтарони манотиқи кӯҳистон ба таҳсил барои солҳои 2007–2016, кафолатҳои баробарҳуқуқии занону мардон ва санадҳои дигар дар ин бахш аз иқдомҳои Сарвари давлат аст, ки барои иштироки фаъоли занон дар соҳаҳои гуногун, ҳамчунин фаъолияти онҳо дар ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар ҷараёни форум ҳамчунин зикр шуд, ки рушди соҳибкорӣ миёни занон барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии бонувон дар пешрафти иқтисоди кишвар мусоидат менамояд.
Раҳимаи Аъзам