Раҷаб Мирзо, раиси Маркази тадқиқоти сотсиологии «Бозтоб», оид ба «Матбуоти чопии Тоҷикистон – дастовардҳои сол», Зинатулло Исмоилов, намояндаи Ассотсиатсияи истеҳсокунандагон ва паҳнкунандагони маҳсулоти радио ва телевизион, доир ба мавзуи «ТВ ва радиои Тоҷикистон – дастовардҳои сол ва тайёрӣ ба пахши рақамӣ», Ҷовид Муқим, профессори кафедраи рӯзноманигории байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар бораи «Сомонаҳои ахбории Тоҷикистон – рушд дар бозори ахборотӣ», Қаҳрамон Бақоев, раиси Маркази тадқиқоти иҷтимоии «Зеркало», дар иртибот ба натиҷаҳои пурсиши сотсиологӣ таҳти унвони «Дастовардҳои медиа» ба аҳли ҳамоиш гузоришу маърӯзаҳои тадқиқотӣ пешниҳод намуданд.
Маркази тадқиқоти иҷтимоии «Зеркало» дар бораи фаъолият, маҳбубият ва пешрафти ҳафтаномаҳои Тоҷикистон дар соли ҷорӣ миёни хонандагон назарпурсие анҷом додааст. Тибқи ин назарпурсӣ хонандагон ва шунавандагон (680 нафар) ба унвони ҳафтаномаи дӯстдошта ҳафтаномаи «Оила» -ро ном бурдаанд. Ба унвони газетаи фоидаовар ҳафтаномаи «Рекламная газета» райъ гирифтааст. Ба ҳайси радиои дӯстдошта шунавандагон радиои «Ватан»-ро ном бурдаанд.
Ҳамчунин Маркакзи тадқиқоти иҷтимоии мазкур миёни коршиносон (25 нафар) низ райпурсӣ анҷом додааст. Тибқи ин назарпурсӣ коршиносон ба унвони рӯзномаи сол ба ҳафтаномаи «Азия Плюс» райъ додаанд. Ожонсии иттилотии «Озодагон» ба унвони кашфиёти сол шинохта шудааст. Ба Олга Тутубалина, журналисти шинохта аз газетаи «Азия Плюс», мақоми журналисти сол дода шуд.
Роҳбарияти Маркази тадқиқоти иҷтимоии «Зеркало» ҳафтаномаҳои мазбур, радио ва журналисти мазкурро бо ифтихорномаҳо қадр намуд.