Гулсара Саидова, яке аз устодони ин маркази таълимӣ оид ба раванди таълим дар маркази мазкур андешаҳои худро ба мухбири мо ба ин тарз баён намуд.
- Маркази рушди истеъдодҳо муассисаи таҳсилоти иловагӣ буда,бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе соли 2007фаъолияти худро оғоз намудааст. Дар назди кормандони муассиса масъулияти дарёфти хонандагони болаёқат, инкишофи истеъдод ва рушди эҷодии онҳо, баланд бардоштани сатҳи зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии хонандагон, иштирок дар озмунҳои дохиливу байналхалкӣ, семинару конфронсҳои илмиву амалӣ вогузошта шудааст.
Дар Маркази мазкур тайи чанд соле, ки фаъолият дорад, хонандагони зиёде аз муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе таҳсил намуданд. Ҳайати омӯзгороне,ки хонандагонро бо таълим фаро гирифтаанд, хеле кордону бақувват мебошанд.
Шароитҳои мусоиди таълимии Марказ,аз қабили, воситаҳои техникӣ,тахтаҳои синфии электронӣ,дискҳои таълимӣ,китобхонаи электронӣ, дастурҳои гуногуни таълимӣ барои гузаронидани машғулиятҳо мусоидат менамоянд.
Омӯзгорони соҳибтаҷриба, олимони варзида,ҷавонони эҷодкору кордон бо роҳбари директор Рустам Сафаров кӯшиш ба харҷ медиҳанд,ки хонандагони соҳибистеъдодро дастгирӣ намоянд ва ба рушди минбаъдаи истеъдоди онҳо саҳм гузоранд.
Марказ бо мактабҳои пойтахт робитаи зич дорад, хонандагони болаёқат аз ҷониби мактаб ба Марказ сафарбар карда мешаванд. Баъди гузариш аз имтиҳони қабул хонандагон ба иттиҳодияҳои таълимӣ шомил мегарданд.Барои ба таҳсили иловагӣ фаро гирифтани фарзандонашон волидон низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, пайваста бо маъмурият ва омӯзгорон дар робита ва ҳамкорӣ мебошанд.
- Ҳар сол зиёда аз 500 нафар дар Марказ таълим мегиранд,ки аз ин шумора аксариятро духтарон ташкил медиҳанд. Дар Марказ духтарон дар баробари гирифтани таълимоти иловагӣ, барои онҳо тарбияи ҳисси масъулиятшиносӣ, ташаккули ирода, эътиқод,ҳисси шахрвандӣ,инкишофи худшиносӣ,ҳуқуқӣ низ омӯзонда мешавад.
Аз ҷумлаи духтарони фаъоли МРИ метавон номи ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявиро ба ёд овард,ки онҳо Назарова Фароғат-ғолиби ҷойи аввал аз фанни забон ва адабиёти тоҷик(с.2010)алҳол донишҷӯи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия,Аловуддинзода Дилафрӯз- ғолиби ҷойи дуюм аз фанни химия(с.2011), алҳол донишҷӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, Раҳимзода Муҳайё- ғолиби ҷойи дуюм аз фанни забон ва адабиёти тоҷик(с.2012),донишҷӯи Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии шаҳри Москва, Соҳибова Малика-ғолиби ҷойи дуюм аз фанни забон ва адабиёти рус, алҳол донишҷӯи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Каримова Садаф- ғолиби ҷойи сеюм аз фанни забон ва адабиёти рус, донишҷӯи Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии шаҳри Истамбул,Дустматова Шаҳноза- ғолиби ҷойи сеюм аз фанни забони англисӣ, донишҷӯи Академияи тиббии Вашингтон, Ниёзова Рухшона,ғолиби ҷойи сеюм аз фанни физика,донишҷӯи Донишгоҳи давлатииМосква дар шаҳри Душанб ва бисёр дигарон мебошанд.
Набояд фаромӯш кард,ки Маркази рушди истеъдодҳо муассисаи таҳсилоти иловагист ва хонандагон вақти фориғ аз мактаби миёна ба ин ҷо омада дониши худро рушд медиҳанд.
Марказ чун системаи таълимоти иловагӣ он дониш ва малакаю маҳоратҳои мактаббачагонро инкишоф медиҳад,ки хонандаи лаёқатманд ба он ниёз дорад ва маҳз фанни интихобкардааш ба ӯ омӯзонда мешавад.
Барои иштирок дар озмунҳои гуногуни фаннӣ омода мегардад,фаъолияти илмӣ – тадқиқотӣ ва эҷодии мактаббача дастгирӣ меёбад. Кори фардӣ бо хонандагон асосан дар ин ҷо ба роҳ монда шудааст.
Соли чорум аст, Марказ олимпиадаи фанни хонандагони шаҳри Душанберо ташкил мекунад ва мегузаронад. Дар ин муддат кормандони он оид ба рафти ин чорабинии муҳим эътибори хоса дода, малакаи хуби корӣ аз бар намуданд.
Соли 2010 270 нафар хонандагон дар даври шаҳрии олимпиадаи фаннӣ ғолиб омаданд, соли 2011 шумораи ғолибон 457 нафарро ташкил мекард, соли 2012 бошад ин шумора ба 499 нафар расид.Кормандони Марказ тамоми имконоти техникиву касбиро бахри ҷалби бештари мактаббачагони лаёқатманд барои иштирок дар олипиадаҳои фаннӣ истифода менамоянд ва барои ҳавасманд намудани онҳо шароит фароҳам меоранд.