Ба гуфти Мисҳобиддини Назриқул замони рӯй овардани адибон ба мавзуъҳои мубрами рӯз фаро расидааст. Мо нависандагони ҷавону умедбахше дорем, ки дар оянда метавонанд, ҳадафҳои пешгирифтаи моро амалӣ намоянд.
Дар ин рӯз бо ширкати фаъоли ҳозирин осори адибон Ӯрун Кӯҳзод, Абдулҳамид Самад, Юнус Юсуфӣ, Аброҳ Зоҳир ва Матлуба Ёрмирзоева мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин адибони шинохтаи кишвар ба фаъолияти эҷодии бонувони насрнавис Матлуба Ёрмирзоева, Гулрухсор, Ҳадиса, Гули Зард баҳои баланд дода, изҳори умедворӣ доштанд, ки осори эшон ба дигар забонҳои дунё тарҷума ва нашр шаванд. Ҳамчунин аз насрнависони ҷавон даъват ба амал оварда шуд, ки ба мавзӯъҳои мубраму ҷолиб рӯ оранд».
Дар анҷоми Анҷуман бо ризояти аъзоёни Иттиҳоди Нависандагони Тоҷикистон драматурги варзида Нур Табаров сармуҳаррири маҷаллаи «Помир» таъйин гардид.