Шермуҳаммади Шоҳиён , раиси КМИРТ дар нишасти хабарӣ зимни натиҷагирии муқадаммотии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ гуфт: «ба ҷонбидорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон, 83,6 дар сад ё 3 миллиону 23 ҳазору 754 нафар, Исмоил Талбаков 5 дар сад ё беш аз 186 ҳазор, Олим Бобоев 3,8 дар сад ё беш аз 140 ҳазор, Толиббек Бухориев 4,5 дар сад ё 166 ҳазору 224 нафар,Абдуҳалим Ғаффоров 1,5 дар сад ё 54 ҳазору 148 нафар ва Саидҷаъфар Исмонов 1 дар сад ё 36 ҳазору 572 нафар раъй додаанд."
Барои таҷлили интихобот дар ҳудуди Тоҷикистон, ба мақоми президентӣ мегӯяд КМИРТ, 68 ҳавза ва 3158 қитъаи интихоботӣ ташкил шуда буд. Ҳамзамон дар 27 кишвари хориҷӣ, ки шаҳрвандони Тоҷикистон кору фаъолият доранд, 61 ҳавзаи интихоботӣ ифтитоҳ гардид, ки 24-тои ин теъдод дар қаламрави Федератсия Русия буд.
Бино ба сарчашмаи КМИРТ, баргузории интихоботи раиси ҷумҳурро бештар аз 500 нозири байналмилалӣ, 100 намояндагони хабаргузориҳои хориҷӣ ва 6 ҳазор нозирони дохилӣ мушоҳида карданд. Шумораи нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо 183 нафар, нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 159 нафар, Ассамблеяи парламентии САҲА 48 нафар, Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ 35 нафар, Парламенти Аврупо 9 нафар, Созмони Ҳамкории Шанхай 8 нафарро ташкил доданд. Ҳамчунин, ҷараёни интихоботи президентиро 33 нафар нозирони байналмилалӣ аз Амрико, 8 нафарӣ аз Чину Британияи Кабир ва Ҷопон, 2 нафар аз Арманистон ва 1 нафар аз Фаронса мушоҳида кардаанд.