Тибқи иттилои Шамсиддин Қурбонов то имрӯз бештар аз 50 оила аз барномаи ҳомиладоркунии сунъӣ истифода карда, 16 зан 4 духтар ва 6 писар таваллуд кардаанд. Аз ҷумла, 2 ҳолати таваллуди дугоник ва 2 ҳолати таваллуди танҳо ба қайд гирифта шуда, таваллуди охирин, ки духтар аст, ҳолати 5-ум аз ҳамли сунъӣ мебошад.
Афзоиши мард дар Тоҷикистон
Тибқи омор дар Тоҷикистон ба ҳар 100 таваллуди духтар 106- 107 писар рост меояд. Ин омор зимни баргузории мизи мудаввар „Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои асосии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010“, дар Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ зикр гардид.
Гуфта мешавад, ки шумораи хонаводаҳо дар кишвар ба 1 миллиону 197 ҳазору 200 расида, дар онҳо 7 миллиону 523 ҳазор нафар зиндагӣ доранд. Аз ин теъдод 3 миллиону 817 ҳазор мард ва 3 миллиону 747,5 ҳазор нафарро ҷинси зан ташкил медиҳад.
Тибқи натиҷаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон, агар соли 1914 нуфузи аҳолии кишвар 1 миллиону 34, 4 ҳазор нафарро ташкил медод, пас ин омор дар соли 2010 ба 7 миллиону 564,5 ҳазор нафар расидааст. Бинобар маълумоти мазкур дар соли 2010 –ум 2,006,5 ҳазор аҳолии Тоҷикистон шаҳрнишин буда, 5557,9 ҳазор дар деҳот сукунат доранд.
Тибқи эъломияи СММ барӯйхатгирии аҳолӣ дар ҳар як даҳсола гузаронида мешавад. Дар Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил аз 21 то 30 сентябри соли 2010 гузаронида шуда буд.
Консерти „Эҳтиром ба Наргис Бандишоева“
Гуруҳӣ „Баракат“-и Рига бо барномаи консертии „Адои эҳтиром ба Наргис“ (Tribute To Nargis) дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Хоруғ баромад намуд. Тибқи иттилои Маркази фарҳангии „Бохтар“ ҳунармандони гурӯҳи „Баракат“ дар меҳмонхонаи „Серена“ консерт баргузор намуданд.
Қобили зикр аст, ки „Баракат“-и Рига аз зумраи гурӯҳҳои ҳунарии ғарбиест, ки мусиқии қадимии Шарқро бо мусиқии муосири Ғарб омезиш дода, дар барномаҳои эҷодии он мусиқии тоҷикӣ ҷойгоҳи вижа дорад.