Дар ин рӯз бо ибтикори бародарони соҳибкор Назаровҳо дар маркази шаҳри Норак бозори нав иборат аз ду бинои дуошёна ва як бинои сеошёна ба фаъолият оғоз намуд, ки дар он 300 нафар сокинон бо ҷойи кор таъмин шуданд.
Танҳо дар як коргоҳи дӯзандагии ин бозор, ки аллакай омодаи кор аст, 50 нафар ва то охири сол ҳамин теъдод бонувони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор мешаванд. Ҳамчунин дар баробари ба истифода додани коргоҳи заргарии ин бозор боз 50 нафар бо кор таъмин хоҳанд шуд.
Қобили зикр аст, ки дар доираи „Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Норак барои солҳои 2012–2015“ татбиқи 140 лоиҳа бо маблағи 860 миллион сомонӣ дар назар дошта шудааст.
Дар доираи барномаи мазкур 40 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 300 миллион сомонӣ мавриди амал қарор дорад.
Роҳнамо барои хайрхоҳон дар Ҷиликӯл
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷиликӯл бо мақсади огоҳӣ аз вазъи иҷтимоии аҳолӣ ва расонидани ёрӣ ба ниёзмандон рӯйхати оилаҳои камбизоатро тартиб додааст. Таъсис ва ба манзари омма пешниҳод намудани рӯйхати оилаҳои камбизоат ба ташкилоту созмонҳои хайриявӣ ва хайрхоҳони алоҳида имкон медиҳад, ки аз рӯйи ин рӯйхат хайру мадади хешро ба эҳтиёҷмандон расонида тавонанд. Комиссияи махсус оид ба тақсимоти заминҳои наздиҳавлигӣ ба эҳтиёҷмандони ноҳия ин рӯйхатро омӯхта, бо имкони фурсат ба ин қишри ниёзманди аҳолӣ замини наздиҳавлигӣ ҷудо менамоянд.
Тибқи иттилои манбаъ то имрӯз 1153 оилаи эҳтиёҷманди ноҳия бо замини наздиҳавлигӣ таъмин шудаанд. То имрӯз ба унвонии мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷиликӯл 6 ҳазор ариза оид ба эҳтиёҷот ба замини наздиҳавлигӣ ворид шудааст.