Модарони ноҳияи Ёвон аз рушду тараққиёти даврони соҳибистиқлолии давлатии Тоҷикистон ёдрас шуда, саҳмгузорӣ ба рушду пешрафти ҷомеаро қарзи ҳар сокини кишвар меҳисобанд. Солеҳа Каримова собиқадори меҳнат насли ҷавонро ба меҳнати софдилона ва ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар ҳидоят намуда, аз эшон таклиф ба амал овард, ки дар интихоботи шашуми ноябр ақли солимро кор фармоянд.
Дар вохурӣ инчунин хоҳарони маъруф Сулҳия ва Соҷидаю Саёра Изатуллоеваҳо, ки бо хидматҳои шоёнашон дар ҷомеа сазовори эҳтироманд, аз ҷавондухтарон даъват ба амал оварданд,ки барои расидан ба ҳадафу орзуҳои хеш ҷасуру мубориз бошанд. То ин ки мисли писарон дар мактабҳои олӣ дохил шуда, дар рушду нумуи минбаъдаи Ватани худ саҳмгузор бошанд.
Тибқи иттилои манбаъ суҳбату вохуриҳои сокинон дар доираи маъракаҳои пешазинтихоботӣ дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот идома дорад.