Славомир Сташевски зимни суханронии худ ёдовар гардид, ки новобаста ба буҳрони иқтисодӣ дар аксар кишварҳои Аврупо иқтисоди Полша дар ҳоли пешрафт қарор дошта, яке аз лидерони Иттиҳоди Аврупо маҳсуб мегардад. Тайи чанд соли охир тибқи арзёбии коршиносон маоши моҳонаи мардуми ин кишвар аз 720 доллар то 1183 доллар боло рафтааст.
Яке аз дастовардҳои мусбати рушди иқтисоди ин кишвар афзудани содироти маҳсулоти он ба дигар мамолики дунё мебошад, ки дар солҳои 2007-2012 чиҳил дарсадро ташкил дода, дар давоми соли гузашта ба 146 миллиард евро баробар шудааст.
«Иқтисоди Полша барои сармоягузорони хориҷӣ ҷаззоб буда, дар давоми се соли охир ба он мустақиман бештар аз 23 миллиард евро сармоя ворид гардид. Дар байни кишварҳои Аврупои марказӣ ва шарқӣ баъд аз Олмон Полша аз назари ҷаззобияти сармоягузорӣ дар ҷойи дувум қарор дорад», –таъкид намуд Славомир Сташевски.
Равобити иқтисодии Тоҷикистон ва Полша дар ҳоли густариш қарор дошта, табодули маҳсулот дар соли 2012 миёни ин ду кишвар беш аз 21, 6 миллион долларро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2011 2, 4 маротиба зиёдтар аст, гуфт ӯ дар фарҷоми суҳбат.