Мавзуъҳои “Ҳифзи ҳуқуқи инсон дар низоъҳои мусаллаҳона”, “Иштироки кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона” ва “Ҳимояи махсуси занон ва кӯдакон дар мавриди низоъҳои мусаллаҳона”аз мавзуъҳое буданд, ки диққати иштирокчиён ба онҳо ҷалб гардид. Зимни мубоҳисаҳо иштирокдорони семинари омӯзишӣ тавонистанд доир ба ин мавзуъҳо посухҳои мушаххас гирифтанд. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон яке аз куҳантарин ташкилотҳои гуманитарӣ маҳсуб меёбад, ки соли 1927 ташкил ёфтаву барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии ниёзманд кумаки аввалиндараҷаи худро мерасонад. Ташкилоти мазкур аз соли 1992 ба ҳайси ташкилоти ҷамъиятии умумиҷумҳуриявӣ эътироф гардид. Нақши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар бартараф намудани офатҳои табиӣ назаррас мебошад. Он дар миқёси кишвар 69 шуъба ва беш аз 14 000 волонтёр дорад.
Қонун дар бораи “Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон”-ро Парлумони Тоҷикистон соли 2010 қабул кардаст. Маврид ба ёдоварист, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди ташкилоти мазкур бо ташкилоту муассисоти давлатӣ ва ғайридавлатии ҷумҳурӣ хуб ба роҳ монда шудааст ва самараи ин ҳамкориҳо натиҷаҳои дилхоҳ низ ба бор овардааст. Ёдовар бояд шуд, ки аз рӯзҳои аввали солҳои мавҷудият ташкилоти мазкур ба аҳолӣ барои бартараф намудани рафъи оқибатҳои табиӣ, кумаки аввалиндараҷаи тиббӣ ва иҷтимоӣ ба гурӯҳи махсуси аҳолӣ, тарғиби сулҳу амният, ҳифзи муҳити зист ва риояи ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ дар байни омма корҳои тарғиботию тишвиқотӣ мебарад.