Дар баробари ба истифода додани ин коргоҳ 205 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд, ки беш аз 75 дарсади онҳоро бонувон ташкил хоҳанд кард. Барои амалӣ намудани ин лоиҳа 4 миллиону 100 ҳазор сомонӣ масраф мешавад.
* * *
Дар ҶСК „Ресанда“-и шаҳри Қӯрғонтеппа коргоҳҳои нави ресандагӣ, бофандагӣ, рангу бори ришта ва матоъ, дӯхти либос ва ҷӯроббофӣ ба кор дароварда шуд.
ҶСК „Ресанда“ аз соли 2007 ба ин сӯй бо сабаби кӯҳнаю фарсуда шудани техникаю таҷҳизот ва рақобатпазир набудани маҳсулоташ дар бозор ҳамагӣ бо 15-20% иқтидораш фаъолият мекард.
Инак бо харҷи 6,5 миллион доллари амрикоӣ ба ин корхонаи бузург техникаю таҷҳизоти нав вориду насб гардида, сехҳои ресандагӣ, бофандагӣ, рангу бори ришта ва матоъ, дӯхти либосвории гуногун ва бофтани ҷӯроб ва дигар ашёи трикотажӣ дубора фаъол гардиданд. Ҳоло дар ҳамаи коргоҳҳои корхона 650 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Тибқи иттилои ба даст омада дар марҳилаи дуюми навсозӣ, ки то тирамоҳи соли равон ба поён мерасад, шумораи коргарон ба 2,5 ҳазор нафар расонда хоҳад шуд.
* * *
Нашриёти «Адиб» китоби нави нависанда ва публисисти шинохтаи тоҷик Мансур Суруш «Қиссаи бонуи соҳибқалам»-ро аз чоп баровард.
Ин китоб бо забонҳои тоҷикиву русӣ ва узбекӣ нашр шуда, муаллиф тамоми паҳлуҳои зиндагӣ ва фаъолияти нахустин бонуи рӯзноманигори тоҷик – Кибриё Қаҳҳороваро инъикос намудааст.
Кибриё Қаҳҳорова 4-уми апрели соли 1914 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи зиёӣ - Лутфулло Махсум таваллуд шуда, аз соли 1932-ум то соли 1938-ум зери тарбияи Садриддин Айнӣ дар шуъбаи самарқандии Нашриёти давлатии Тоҷикистон кор кардааст. Соли 1938 бо маслиҳати устод Айнӣ ба факултети шарқшиносии донишгоҳи Ленинград дохил шуда, баъд аз хатми он ба Душанбе баргашта, фаъолияташро дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон оғоз менамояд.
Китоби «Қиссаи бонуи соҳибқалам» барои муҳаққиқони соҳаи журналистикаи тоҷик ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.