Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Суғд Раъно Бобоҷонова хабар дод. Назар ба суханони ӯ, аз ҷумла 5 нафар ҳар яке ба гирифтани маблағи 20-ҳазор сомонӣ ва 10 нафар ҳар яке ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ мушарраф шуданд. Грантҳои мазкур барои дастгирии рушди соҳибкории бонувон таъсис дода шудаанд.
Бояд мутазаккир шуд, ки барои дарёфти гранти Раиси вилоят дар маҷмуъ ба комиссияи грантӣ 36 лоиҳа пешниҳод шуда буд. Лоиҳаҳои пешниҳод шуда оид ба таъсис додани сехҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ, парвариши чорвои аҳлӣ, коркарди меваю забзавот, эҳёи ҳунарҳои халқие чун қуроқдӯзӣ, шиннипазӣ, аз ашёи маҳаллӣ тайёр намудани чакман ва амсоли онҳо буданд.