Бино бар гуфтаи ин масъул, аксари кулли ин шаҳрвандон бо қасди муҳоҷират кишварро тарк карда, маъмулан ба Русия барои мардикорӣ рафтаанд. Ҳамчунин Анвар Бобоев гуфт, ҳамасола ҳудуди 150 то 200 ҳазор нафар ба сафи муҳоҷирони кории тоҷик аз ҳисоби афзоиши аҳолӣ илова мегардад.
Дар ҳамин ҳол, ин ниҳод иттилоъ медиҳад, ки дар нимаи аввали соли ҷорӣ наздики 300 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз хориҷ ба кишвар баргаштаанд.
Анвар Бобоев гуфт, ин рӯзҳо раиси Хадамоти муҳоҷират Сафиаллоҳ Девонаев дар ҳайати корӣ бо Президенти Тоҷикистон дар Русия қарор дорад. Интизор С. Девонаев меравад бо масъулони ниҳодҳои муҳоҷирати Русия нишаст анҷом бидиҳад ва масъалаи будубошӣ муҳоҷиронро баррасӣ кунад.