Дар мавриди ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби бонувон дар вазорати молия ва зерсохторҳои он, вазири молия гуфт: «Айни ҳол 51 дарсади кормандони вазорати мазкурро бонувон ташкил медиҳанд. Роҳбарии бахшҳои молияи шаҳру навоҳии Исфара, Балҷувон ва Хоруғро мутахассисон аз ҳисоби бонувон ба уҳда доранд.
Афзоиши теъдоди бонувони роҳбар дар зерсохторҳои вазорати молия стратегияи дарозмуддатест, ки бо мурури омодагии мутахассисон аз ҳисоби занон амалӣ хоҳанд шуд, - мегӯяд Сафаралӣ Наҷмиддинов.