* * *
Дар корхонаи «Насоҷии Хуҷанд» таҷҳизоти ҷопониву итолёвӣ насб шуд, ки дар натиҷа 300 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд.
Маблағи умумии лоиҳаи мазкур 300 миллион сомониро дар бар гирифта, миқдори солонаи истеҳсоли ришта 2 ҳазору 500- 3 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод.
Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд, зимни шиносоӣ аз корхонаи мазкур оид ба таъсиси ҷойҳои кории нав, афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва содирот ба масъулони корхонаи мазкур маслиҳатҳои муфид дод.
Тибқи иттилоъ ҳамакнун теъдоди умумии коргарони корхонаи «Насоҷии Хуҷанд» ба 800 нафар расида, аз риштаи тавлиднамудаи он либосҳои мактабиву ҳарбӣ ва маъмулӣ истеҳсол карда мешавад.
* * *
Гурӯҳи мусиқии “Stooges Brass Band”–и Амрико бо сафари ҳунарӣ ба водии Рашт сафар намуда, ба ҷавонон мусиқии ҳип-ҳоп ва ҷазро муъаррифӣ хоҳад кард.
Сокинони водии Рашт барои нахустин бор мизбони консерти чунин сабки мусиқии урупоӣ хоҳад шуд.
Ташаббускори ин барномаи фарҳангӣ сафорати Амрико дар Тоҷикистон буда, то кунун барои баромади ин гурӯҳ дар навоҳии Қумсангир ва Панҷакент мусоидат намудааст. Дар назар аст, ки баъди бозгашт ҳунармандони амрикоӣ ба шаҳри Кӯлоб сафар хоҳанд кард.