-Дар феҳрист баробари рӯзномаву маҷаллаҳои расмию давлатии ҷумҳурӣ, инчунин нашрияҳои хусусӣ ҷо гирифтаанд ва мувофиқи мактуб ва дархости сарварони ин нашрияҳо марказҳои алоқа метавонан дар рафти обунаи соли 2014 бо онҳо ҳамкорӣ намоянд, илова намуд ҳамсуҳбати мо.
Имсол тибқи нақшаи омоданамудаи нашрияҳо ва КВД «Почтаи тоҷик» теъдоди обуна барои як қатор рӯзномаву маҷаллаҳо афзуда, баръакс қисмати дигаре аз расонаҳо нархи солонаи обунаро бо дарназардошти боло рафтани қимати чоп зиёд карда, теъдоди нақшаро кам намудаанд. Сайдалӣ Мирзоев баён дошт, ки аз хизматрасонии почта мизоҷон розианд, зеро почтаи тоҷик ҳафтае панҷ маротиба ба вилояти Суғд, се маротиба ба Бадахшон ва чор маротиба ба вилояти Хатлону навоҳии тобеи марказ хизматрасонии дастрасии нашрияҳои даврии Тоҷикистонро ба муштариён ба роҳ мондааст.