Дар ин бора сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Суғд Муқаддама Ҳошимова иттилоъ дод.
Тавре ӯ иброз дошт, дар ин давра 102 никоҳи расмӣ бино бар нарасидани синну соли никоҳшавандагон ба синни 18-солагӣ бо қарори судҳои шаҳру ноҳияҳо сурат гирифта, табъан синни никоҳияшон як сол кам гардидааст. Чунин навхонадорон асосан сокинони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Панҷакент, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен мебошанд.
Ҳамзамон теъдоди таваллуд низ дар вилоят нисбат ба нишондиҳандаи нимсолаи аввали соли 2012 аз 27 716 то ба 26 759 адад коҳиш ёфта, ба ибораи дигар теъдоди навзодон ба 957 адад кам шудааст.