Ба гуфти манбаъ, афзоиши ҷиноятҳои вобаста ба монеъ шудани фарзандон ба таҳсил аз ҷониби шаҳрвандон, низ боиси нигаронӣ аст. Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ нисбат ба сокиноне, ки барои мамониат ба мактабхонии фарзандон гумонбар дониста мешаванд, 75 парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.
Зимни санҷишҳо ошкор шудааст, ки дар ин давра 125 нафар кӯдакон бо айби волидон аз таълим дар канор мондаанд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар умум аз оғози соли ҷорӣ дар қаламрави кишвар 10 ҳазору 361 ҷинояти гуногун ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 957 маврид бештар мебошад.