Иттиҳодияи нассоҷии тоҷик, ки аз корхонаҳои бузургу пешрафтаи замони шурав ва имрӯз низ маҳсуб мешавад ҳамасола намудҳои зиёди либосҳои мактабиро ба маърази тамошо мегузорад, ки хеле зебову шинам ва аз матои пахтагӣ духта шудаанд. Имсол низ сехи дӯзандагии иттиҳодия аз оғози моҳи июл дар асоси фармудаҳои шуъбаҳои маорифу макотиби шаҳри Душанбе ва атрофи он, гимназияву литсейҳои хусусӣ ба духтани сару либоси ягонаи мактабӣ шуруъ кардаанд, ки дорои сифат ва мудҳои беҳтарини мактабианд. Саида Раҳимова, менеҷери ин корхонаи саноатӣ зимни суҳбат бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки иттиҳодияи нассоҷии тоҷик дар навбати аввал барои 30 000 адад либоси ягонаи мактабӣ фармоиш қабул намудааст.
- Дар сурати қонеъ намудани талаботи мизоҷон имкон дорем, ки то оғози соли нави хониш талаботи боз 10-15 ҳазор мактаббачаро ба ҷо орем. Барои ин корхонаи мо тамоми имкониятҳоро доро мебошад, - гуфт ҳамсуҳбати мо.