- Мо рӯйихат ва ё феҳрасти ин ашхосро ба тамоми намояндагиҳои Хадамоти муҳоҷират, ки дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск фаъолият доранд, ҳамчунин ба консулгарӣ ва марказҳои фарҳангии тоҷикон, намояндаи барномаи шабакаи аввали телевизиони Россия «Жди меня» дар Тоҷикистон фиристодаем, - иброз дошт Зайнура Шарипова. – Онҳо саъй доранд, ин нафаронро пайдо ва ба пайвандонашон дарак бидиҳанд. Вале то кунунин кӯшишҳо самараи дилхоҳ надода ва ягон нафаре аз онҳо пайдо нашудаанд. Сарфи назар аз ин ҷустуҷӯи ин ашхос идома хоҳад ёфт.
Ёдовар мешавем, раванди муҳоҷирати тоҷикон сар аз оғози ҷанги дохилии шаҳрвандӣ шуруъ шуда, то кунун идома дорад. Назар ба иттилооти расмӣ ҳоло беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад.